Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 25.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Леван Хомерики бозии дӯстонаи дуюмро баргузор кард, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон.
24 июн тими олимпии мо бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон рақобат кард. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, мусовии бидуни гол – 0:0 анҷом ёфт.
Қаблан дар бозии дӯстонаи якум мунтахаби олимпии Тоҷикистон бар тими Ҳиндустон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд.
«Ин вохӯриҳои муфид барои санҷиши бачаҳо буданд. Пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки моҳи сентябр баргузор мешавад, якҷоя бозӣ кардан муҳим аст. Дар бозиҳои дӯстона мо лаҳзаҳои хуб доштем, аммо бояд сари хатоҳои худ кор кунем», – гуфт Леван Хомерики, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






