Амалиёти «Кӯкнор 2016» идома дорад
Душанбе, 04.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2016» кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд боз як ҳолати сабзиши бангдонаи худрӯйро ошкор намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, дар заминҳои бригадаи 32-юми ҷамъияти саҳҳомии ба номи С. Ӯрунхоҷаеви ҷамоати Унҷии ноҳияи Б. Ғафуров сабзиши 18 ҳазору 600 бех ниҳоли бангдонаи худрӯй ошкор ва решакан карда шуда, дар ҳузури комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомти ҳифзу ҳуқуқ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ тариқи оташ задан нобуд карда шуд.
Дар баробари ин аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ ба аҳли коркунони ҷамъияти саҳҳомии ба номи С. Ӯрунхоҷаев доир ба ҳадаф ва зарурати баргузории амалиёти ҳарсолаи кӯкнор изҳори ақида карда шуда, таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар қаламрави вилоят аз тарафи мақомоти марбута бо ҷалби тамоми аҳли ҷомеа амалиёти «Кӯкнор» ҷиҳати ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, бастани масири қочоқи мухаддирот дар марзи вилоят, дарёфт ва нобудсозии растаниҳои дорои маводи нашъаовари парваришшуда ва худрӯй, андешидани чораҳо бобати пешгирии зуҳуроти нашъамандӣ ба роҳ монда шудаанд.
Зикр карда шуд, ки дар давраи амалиёти «Кӯкнор-2016» аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ зиёда аз 68 ҳазор бех ниҳоли бангдонаи худрӯй дарёфт ва нобуд карда шудааст.
Амалиёти «Кӯкнор 2016» дар вилояти Суғд идома дорад.








Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд






