Амалиёти «Кӯкнор 2016» идома дорад

Июль 4, 2016 12:11

Душанбе, 04.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2016» кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд боз як ҳолати сабзиши бангдонаи худрӯйро ошкор намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар»  аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд,  дар заминҳои бригадаи 32-юми ҷамъияти саҳҳомии ба номи С. Ӯрунхоҷаеви ҷамоати Унҷии ноҳияи Б. Ғафуров сабзиши 18 ҳазору 600 бех ниҳоли бангдонаи худрӯй ошкор ва решакан карда шуда, дар ҳузури комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомти ҳифзу ҳуқуқ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ тариқи оташ задан нобуд карда шуд.
Дар баробари ин аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ ба аҳли коркунони ҷамъияти саҳҳомии ба номи С. Ӯрунхоҷаев доир ба ҳадаф ва зарурати баргузории амалиёти ҳарсолаи кӯкнор изҳори ақида карда шуда, таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар қаламрави вилоят аз тарафи мақомоти марбута бо ҷалби тамоми аҳли ҷомеа амалиёти «Кӯкнор» ҷиҳати ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, бастани масири қочоқи мухаддирот дар марзи вилоят, дарёфт ва нобудсозии растаниҳои дорои маводи нашъаовари парваришшуда ва худрӯй, андешидани чораҳо бобати пешгирии зуҳуроти нашъамандӣ ба роҳ монда шудаанд.
Зикр карда шуд, ки дар давраи амалиёти «Кӯкнор-2016» аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ зиёда аз 68 ҳазор бех ниҳоли бангдонаи худрӯй дарёфт ва нобуд карда шудааст.
Амалиёти «Кӯкнор 2016» дар вилояти Суғд идома дорад.

Июль 4, 2016 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд