Аз нашриётҳои кишвар ба КМТ 595 адад китоб ворид гардид

Июль 14, 2016 08:48

Душанбе. 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи охир кормандони шуъбаи такмили адабиёт дар ҳамкорӣ бо шуъбаи нигоҳдории китоби Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) аз нашриётҳои кишвар бо теъдоди  1549 нусха (805 номгӯй) китобҳои ҳатмӣ ва 964 нусха (235 номгӯи ) нашрияҳои гуногунро қабул намуданд.
Аз ҷониби раёсати «Тоҷикматлубот», Фонди ФР «Содействие», «Россотрудничество»,  Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва  иттилоот,  КМ Туркия, Маркази илмии Камоли Хӯҷандӣ, Ройзании фарҳангии Эрон, Сафоратхонаи Ҷумҳурии исломии Эрон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шахсони алоҳида  18901 нусха  адабиёт дар шакли туҳфа ба фонди китобхона ворид шудааст.
Бояд зикр кард, ки аз ҷониби нашриётҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи адабиётҳо,  аз қабили китоби Иброҳим Пирназарзода «Парчам», (нашриёти «Эр-граф»), Зафар Саидов «История России» (нашриёти «Контраст»), Фозил Абдурашидов «Из истории внутренного переселения в советском Таджикистане», Насриддин Тӯсӣ «Насирова Этика» (нашриёти «Андалеб Р»), Абӯалӣ ибни Сино «Осор» (нашриёти «Дониш»)  бо теъдоди умумии 595 адад  ворид гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо талаботи хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон  нисбат ба китобҳои  соҳаҳои сиёсат, ҳуқуқ,  адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, тиб, риёзӣ ва таърих бештар аст.

 

Июль 14, 2016 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд