Беш аз 200 ҳолати қонуншикании гумрукӣ дар ҷануби кишвар ошкор гардид
Душанбе, 23.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 200 ҳолати қонуншиканӣ аз ҷониби гумрукчиёни тоҷик дар ҷануби кишвар дар ин давра ошкор гардид.
Аз ин омор 206 адади он марбут ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва як ададашро ҳолати ҷиноӣ ташкил медиҳад. Нисбат ба ҳолатҳои ошкоршуда аз ҷониби кормандони раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон парванаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи беш аз 235 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
Аз парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии оғозшуда 154 адад нисбата шахсони воқеӣ ва 52 тои он ба шахсони ҳуқуқӣ марбут аст. Инчунин дар асоси ҳалномаҳои судӣ дар ин давра, беш аз 60 ҳазор сомонӣ молҳо мусодира гардид. Як ҳолати ҷиноии ошкоргардида марбут ба кӯшиши интиқоли ғайриқонунии оҳанпора аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ ба Афғонистон мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






