Дар Арабистони Саудӣ ба гумони ширкат дар ҳамлаҳои террористӣ 19 нафар боздошт шуданд

Июль 8, 2016 16:46

Душанбе, 08.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Нуздаҳ нафар дар Арабистони Саудӣ ба гумони ширкат дар ҳамлаҳои террористии ахир дар Мадина, Aл- Қатифа  ва Ҷидда боздошт шуданд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии шоҳигарӣ иттилоъ дод.
Зимни иттилооти Агентии Арабистони Саудӣ  СПА дар изҳороти намояндаи расмӣ таъкид мешавад, ки дар ҷараёни тафтишоти амалҳои террористии зикршуда, ҳафт шаҳрванди Арабистони Саудӣ ва 12 шаҳрванди Покистони муқими шоҳигарӣ дастгир шуданд.
Ҳамчунин, шахсияти иҷрокунандагони амалҳои террористӣ дар Мадина ва Ал-Қатифа муайян карда шудааст. Маргталаб, ки худро дар наздикии масҷиди паёмбар мунфаҷир кард, шаҳрванди 26-солаи Арабистони Саудӣ мебошад. Се террористе, ки дар масҷиди Ал-Қатифа ҳамла карданд, шаҳрвандии Арабистони Саудиро надоштанд.

Июль 8, 2016 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд