Дар Арабистони Саудӣ ба гумони ширкат дар ҳамлаҳои террористӣ 19 нафар боздошт шуданд
Душанбе, 08.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Нуздаҳ нафар дар Арабистони Саудӣ ба гумони ширкат дар ҳамлаҳои террористии ахир дар Мадина, Aл- Қатифа ва Ҷидда боздошт шуданд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии шоҳигарӣ иттилоъ дод.
Зимни иттилооти Агентии Арабистони Саудӣ СПА дар изҳороти намояндаи расмӣ таъкид мешавад, ки дар ҷараёни тафтишоти амалҳои террористии зикршуда, ҳафт шаҳрванди Арабистони Саудӣ ва 12 шаҳрванди Покистони муқими шоҳигарӣ дастгир шуданд.
Ҳамчунин, шахсияти иҷрокунандагони амалҳои террористӣ дар Мадина ва Ал-Қатифа муайян карда шудааст. Маргталаб, ки худро дар наздикии масҷиди паёмбар мунфаҷир кард, шаҳрванди 26-солаи Арабистони Саудӣ мебошад. Се террористе, ки дар масҷиди Ал-Қатифа ҳамла карданд, шаҳрвандии Арабистони Саудиро надоштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






