Дар арафаи Иди Рамазон болоравии нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мушоҳида намегардад
Душанбе.02.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. То фарорасии Иди саиди фитр — Рамазон ҳамагӣ чанд рӯзи дигар боқӣ мондааст. Боиси қаноатмандист, ки имсол дар муқоиса ба солҳои пешин болоравии нархҳои маҳсулот дар бозори истеъмолӣ сокинони ҷумҳуриро ба ташвиш наовард ва нарху наво то охири ин моҳ муътадил боқӣ монд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар арафаи Иди Рамазон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи нарху навои маҳсулоти ғизоӣ аз чанд бозори пойтахт дидан намуд. Маълум гардид, ки нархи маҳсулоти асосии истеъмолии сокинон — пиёзу картошка, сабзӣ, сабзавот ва меваҷот тағйир наёфтаанд.
Масалан, дар бозори «Деҳқон» -и пойтахт чун дар аввали моҳ қиммати як килограмм пиёз 50- 60 дирам, картошка вобаста ба сифаташ 1 сомониву 20-30 дирам, сабзӣ 1 сомониву 30 дирам, 1 кг гӯшти гов 31-32 сомонӣ, 1 кг қаламфури булғорӣ 2 сомонӣ, боимҷон 80 дирам то 1 сомонӣ, тарбуз вобаста ба вазнаш аз 3 то 5 сомонӣ, помидору бодиринг вобаста ба сифаташон 1-2 сомонӣ, караму каду 1,5- 2 сомониро ташкил медиҳанд.
Дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Қарияи боло», «Саховат», «Пойтахт-90» ва дигар бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе низ нархи маҳсулоти асосии истеъмолии сокинон муътадил буда, тағйирёбии он мушоҳида намегардад.
Мутаассифона, вазъи нарху навои маҳсулоти хӯрока дар бозорчаҳои назди биноҳои истиқоматии маҳаллаҳои
шаҳри Душанбе ба мақсад мувофиқ нест. Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чанде аз харидорони ин бозорчаҳо аз баландии нарху наво шикоят карда, зикр намуданд, ки онҳо на ҳамеша имконияти аз бозорҳои «Деҳқон» «Шоҳмансур», «Қарияи боло», «Саховат»ва «Пойтахт-90» харид намуданро доранд ва аз тангии вақту дурии роҳ маҷбуранд, ки аз ин макон харид намоянд.
«Аксари савдогарони ин бозорчаҳо аз деҳқонон маҳсулотро бо нархи арзон харида, онро қариб 1,5 — 2 баробар қиммат мефурӯшанд. Гӯё бо ҳам маслиҳат карда бошанд, маҳсулоташонро як хел, аз рӯи хости худ нархгузорӣ намудаанд ва аҷибаш он аст, ки ин амали худсаронаи онҳо аз ҷониби мақомоти масъул танзиму назорат намешавад»,-афзуданд харидорон бо таассуф.
«Хайрият, ки фаъолияти нуқтаҳои савдои сайёри Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт ва баргузории ярмаркаҳои маҳсулоти истеъмоли асосӣ пеши роҳи ин савдогарони беинсоф ва бозори гарми онҳоро гирифт. Ман аз чунин имконият истифода бурда, маҳсулотро аз ин ярмаркаҳо харид намуда, ҳатто очоронида (консерва) барои фасли зимистон ҳам захира кардам»,- зикр намуд Моҳбону Хайриддинзода, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Мир Алӣ №114, ҳуҷраи №26.
Тавре Неъматулло Гулов, корманди масъули Иттифоқи «Тоҷикматлубот» иттилоъ дод, дар айни ҳол дар ҳудуди шаҳри Душанбе 12 нуқтаи сайёри фурӯши маҳсулоти истеъмолии мавриди ниёзи аввали ин муассиса фаъолият доранд, ки маҳсулотро аз кишоварзони вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои Турсунзодаву Шаҳринав ва Ҳисор дастрас намуда, бо нархои 20-30 фоиз арзонтар аз бозор барои сокинони пойтахт ба фурӯш гузоштаанд.
Мадина Ниёзмамадова, муовини сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо мақсади муътадил нигоҳдории нархи маҳсулоти хӯрока Қарори раиси шаҳри Душанбе аз 22 июни соли 2016 «Дар бораи ғанигардонии бозори истеъмолии шаҳр бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар моҳи шарифи Рамазон ба тавсиб расид, ки тибқи он масъулини раёсату шуъба ва дигар воҳидҳои сохтори мақомот бобати пешгирии болоравии нархи маҳсулот вазифадор гардиданд.
«Дар ҳамаи бозорҳои шаҳри Душанбе нуқтаҳои савдои Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, бар замми ин дар рӯзҳои истироҳатӣ барои сокинони шаҳр ярмаркаҳо ташкил мегарданд, ки дар онҳо нархи маҳсулот нисбат ба бозорҳо аз 10 то 30 дарсад арзонтар ба фурӯш гузошта мешаванд. Шаҳрвандон метавонанд, ки аз ин имконият фаровон истифода бурда, ба сарфа намудани буҷаи оилаи худ мусоидат намоянд»,- афзуд М. Ниёзмамадова.
Музаффар Қаландаров, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Ғафуров, №48 зимни баргузории ярмаркаи маҳсулоти истеъмоли асосӣ дар бозори «Шому саҳар»-и маҳаллаи Қарияи боло дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ба ташкилкунандагони он изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки дар ин ҷо нархи 1 кг пиёз 40-50 дирам, помидору бодиринг 1 сомонӣ, боимҷон 30-50 дирам, тарбуз аз 2 то 5 сомонӣ, гӯшт 25-27 сомониро ташкил дода, дигар маҳсулоти истеъмоли асосӣ низ бо нархи арзон ба фурӯш гузошта шуда аст, ки то андозае дар моҳи шарифи Рамазон мушкили сокинони шаҳрро осон гардонидааст.
Дар пойтахт сол то сол зиёд гардидани теъдоди марказҳои калони савдо, аз ҷумла кушодашавии Маркази бузурги савдои «Ашан» барои боло нарафтани нархи дигар маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла маҳсулоти қаннодӣ низ мусоидат намуд. Дар «Ашан» нарху навои маҳсулоти зикршуда дар муқоиса бо дигар марказҳои савдо арзонтар аст. Тавре аз Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷумҳурӣ, тибқи маълумоти омори расмӣ, сатҳи таваррум дар соли 2015 нисбат ба соли пешин тамоюли тадриҷии пастшавиро соҳиб шуда, ба 5,1 фоиз баробар шуд. Таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 4,3 фоиз, ғайриозуқа 7,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,3 фоиз ба амал омадааст. Бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ дар соли сипаришуда сатҳи муътадили нархҳо нигоҳ дошта шуд. Дастоварди боло ё фаровонию арзонии маҳсулот дар натиҷаи ба маротиб афзоиш ёфтани истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, гӯшт, мевагӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ, ангишт, семент, хишти пухта ва дигар молҳои мавриди ниёзи мардум ба даст омадааст.
Ба иттилои манбаъ, шиддати тағйироти қурбии бозори молиявии ҷаҳон тадриҷан коҳиш ёфта, бо андешидани тадбирҳои зарурӣ вазъ дар бозори дохилӣ низ ба эътидол меояд. Дар баробари ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии истеҳсолкунандагони молҳои мавриди ниёзи мардум ва воридотивазкунанда ва бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои ватанӣ барои афзун намудани ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат ва бо фоизи нисбатан пасттар ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ сари вақт пешниҳод кардани маблағҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бонки миллии Тоҷикистон аз болои нархҳои маҳсулоти мавриди ниёзи мардум назорати доимӣ бурда, дар асоси он ҷиҳати коҳиш додани таъсири омили монетарӣ ба сатҳи нархҳо тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳдории афзоиши муътадили пешниҳоди ҳаҷми пул, инчунин бартараф намудани таъсири фишорҳои берунию дохилӣ ба сатҳи нархҳо, бахусус ҳаннотӣ дар бозори дохилии асъор тадбирҳои зарурӣ меандешад ва барои ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор барои таъмини иҷрои ин вазифа, нигоҳдории вазъи муътадили макроиқтисодию молиявӣ, рушди воқеии иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардуми кишвар тамоми имкониятҳои худро равона месозад.
Рухсора Нурова