Дар ноҳияи Айнӣ баъди таъмиру навсозӣ бинои шўъбаи касалиҳои сироятӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Июль 7, 2016 09:31

Душанбе, 7.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Айнӣ шўъбаи касалиҳои сироятӣ бо харҷи қариб 900 ҳазор сомонӣ бо фармоиши Идораи сохтмони асосии ноҳия азнавсозӣ гардида, барои табибони беморхонаю беморон шароити корию табобати саривақтӣ фароҳам оварда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд. Гуфта мешавад, ки беморхонаи нав имконият хоҳад дод, то дар як рўз ба аз 100 то 150 нафар бемор хизмати тиббӣ расонида шавад.
Барои ташхису муолиҷаи хуби беморон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба шўъбаи касалиҳои сироятии Беморхонаи маркази ноҳия таҷҳизоти нав тақдим гардид. Бино ба гуфтаи корманди ҷавони беморхона Нилуфар Мустафоева, муҳаё гардидани чунин шароити замонавӣ дар марказ ин аз рушди соҳаи тандурустӣ ва таваҷҷўҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба солимии ҷомеаро нишон медиҳад.

Июль 7, 2016 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад