Дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати Тоҷикистон оид ба шиноварӣ оғоз гардид

Июль 22, 2016 15:22

Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи тақвимии баргузории чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва омодагии варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2016,  Чемпионати Тоҷикистон оид ба шиноварӣ байни варзишгарони соли таваллуди 2002 ва калонсолон аз 22 то 24 июли соли 2016 дар Маҷмаи ҳавзҳои шиноварии варзишгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Дар мусобиқа 72 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок менамоянд. Мақсад аз баргузор намудани мусобиқа тарғиби шиноварӣ байни наврасон ва ҷавонон, ҳамчунин муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Июль 22, 2016 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид