Дар шаҳри Ҳисор маҳаллаи беҳтарин муайян гардид

Июль 8, 2016 15:16

Душанбе, 08.07.16. /АМИТ Ховар/. Маҳаллаи Белайдуз дар  шаҳри Ҳисор дар даври дуюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти  марказии  ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ  беҳтарин маҳалла дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявии мусобиқаи мазкур роҳ ёфт.
Ҳамзамон шаҳраки Ҳисор  беҳтарин шаҳрак, ҷамоати деҳоти Ҳисор деҳоти беҳтарин, деҳаи Муъминобод беҳтарин деҳа,  хонаи  сокини  деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Дурбат Қиёмиддин Одинаев хонаи намунавӣ ва оилаи Нусрат Шоев-  сокини деҳаи Ситораи ҷамоати  деҳоти Навобод оилаи намунавӣ пазируфта шуда, ба даври  сеюми ё худ ниҳоии  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  роҳхат  гирифтанд.
Хайрулло Давлатов- мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси  шаҳри Ҳисор дар суҳбат ба хабарнигори  Ховар гуфт,  ки дар интихоби  маҳаллаю деҳаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ хусусиятҳои хоси рушди маҳаллаю деҳа, хона ва оилаҳо ба инобат гирифта шудаанд. Мавсуф зикр кард,  ки ба  маҳаллаи беҳтарин сазовор гардидани маҳаллаи Белайдуз дар он аст, ки ин маҳалла воқеан ободу зебост ва бо дигар зарфиятҳо аз дигар  маҳалллаҳои шаҳр фарқ мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки шаҳраку, маҳалла ва  деҳоти беҳтарин, инчунин  хона ва оилаи намунавии аз шаҳри  Ҳисор, ки дар даври якум ва дуюми мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ  беҳтарин арзёбӣ гардидаанд, бо Ифтихорномаи раиси шаҳри Ҳисор ва бо туҳфаҳои пулӣ -2 ҳазор сомонӣ сарфароз гардидаанд.

Июль 8, 2016 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад