Дар шаҳри Кӯлоб Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис оғоз гардид
Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб аввалин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни наврасони солҳои таваллудашон 2002- 2006, бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Мусобиқа давоми 4 рӯз бо ширкати 5 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе идома меёбад. Соли гузашта дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонону машқварзон ва дӯстдорони теннис як майдони муосири ба талабот ҷавобгӯ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба иттилои мураббиён, дар рӯзи аввали мусобиқа сабқатҳои инфиродӣ миёни духтарон ва писарон ҷараён гирифта, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар ҷараёни мусобиқа бозиҳо дар шакли ҷуфт оғоз гардид, ки аввалин шуда варзишгарони вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ба майдон баромаданд.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур оммавигардонии теннис ва рушди минбаъдаи он дар ҷумҳурӣ, тарғибу ташвиқи теннис ва тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо арзёбӣ мегардад.
Дар ҷамъбаст ғолибон ва беҳтаринҳо аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мамлакат бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз мегарданд.








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






