Дар ҷумҳурӣ 73,7 % нафақагирон бо кортҳои бонкӣ таъминанд

Июль 21, 2016 17:40

Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 13 ҳазору 229 нафар нафақаи меҳнатӣ, ба 8 ҳазору 804 нафар нафақаи иҷтимоӣ ва ба 8 ҳазору 263 нафар нафақаи суғуртавӣ, ки дар маҷмӯъ 30 ҳазору 296 нафарро ташкил менамояд, нафақа таъин карда шудааст.
Тибқи иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо мақсади ворид намудани технологияҳои иттилоотии муосир ба ҷараёни пардохти нафақа ва кумакпулиҳо Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохти нафақаи 467 ҳазору 620 нафарро дар 49 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ мондааст.
Дар маҷмӯъ теъдоди умумии нафақагироне, ки то имрӯз пардохти нафақаашон тариқи кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст, 73,7  % ташкил мекунад.

Июль 21, 2016 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд