Дар Ваҳдат Варзишгоҳи марказӣ барои 25 ҳазор тамошобин дар арафаи ҷашни Истиқлолият ба истифода дода мешавад
Ваҳдат, 14.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Ваҳдат барои 25 ҳазор нафар тамошобин Варзишгоҳи марказии замонавӣ сохта истодаанд, ки дар арафаи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад. Ваҳдатиён ин иди фархундаро дар варзишгоҳи нав бо иштироки меҳмонони олиқадри чумҳурӣ ҷашн мегиранд.
Варзишгоҳи мазкур аз шаш қисмат иборат буда, ду қисмати онро Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 21 миллион сомонӣ бунёд менамояд ва қисматҳои боқимондаро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо маблағи 32 миллион сомонӣ маблағгузорӣ хоҳад намуд.
Дар сохтмони мазкур дар ду баст зиёда аз 500 нафар коргарон бо кори доимӣ машғул мебошанд. Инчунин рӯзҳои шанбе аз ҳисоби сокинони шаҳр барои корҳои ободонии назди варзишгоҳ ҳашарҳои умумӣ ташкил гардид, ки дар онҳо зиёда аз 2 ҳазор нафар иштирок карданд.








«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд






