Дар ВМКБ машваратҳо дар соҳаи моликияти саноатӣ доир мешаванд

Июль 26, 2016 16:17

Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 ва 27 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машваратҳоро дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ баргузор менамояд.
Дар кори машварат мутахассисон дар мавзӯъҳои «Ихтироъ — мафҳум, моҳият  ва  ҳифзи ҳуқуқии он», «Ҳифзи ихтироъ дар дигар кишварҳо», «Ҳифзи ҳуқуқии намунаҳои саноатӣ», «Тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ва бақайдгирии онҳо», «Ҷанбаҳои иқтисодии моликияти зеҳнӣ», «Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва зарурати ҳифзи моликияти зеҳнӣ», «Вазъи иқтидори илмӣ-техникӣ дар давраи Истиқлолият» «Моҳияти бақайдгирии давлатии захираҳои иттилоотӣ» ва «Тартиби ҷамъоварӣ ва ҷойгир кардани иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ дар интернет-портали муттаҳидаи «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011-2020» ва «Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020»  баромад хоҳанд кард.
Дар кори машварат намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, раёсатҳои иқтисод, андоз, сармоягузорӣ ва идораи амвол, стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, гумрук, устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии зертобеи Академияи илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Академияи илмҳои тиббӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва соҳибкории хурду миёна иштирок хоҳанд кард.
Баргузор намудани чунин машваратҳо, пеш аз ҳама, иҷрои самтҳои сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои дахлдори он дар рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки моликияти зеҳнӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёт мебошад ва дар навбати худ рушди иқтисодиёт метавонад ба рушди моликияти зеҳнӣ мусоидат намояд
Амалигардонии мақсад ва ҳадафҳои «Стратегияи милли рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» ин фароҳам овардани шароит барои рушди ҳимоя, ҳифз, идоракунӣ ва истифодаи иқтидори моликияти зеҳнӣ дар маҷмӯъ ба ҳисоб меравад, ки ин дар навбати худ барои рушди иқтисодиёти рақобатпазири миллӣ, ки асоси он илм ва инноватсия мебошад, мусоидат менамояд.

Июль 26, 2016 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад