Деҳқонони ноҳияи Лахш сокинони ҷумҳуриро бо картошкаи хушсифат таъмин менамоянд

Июль 14, 2016 11:06

Лахш, 14.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шуғли асосии кишоварзони ноҳияи Лахш картошкапарварӣ буда, онҳо ҳамасола аз майдонҳои 500 гектараи Ҷиргатол, Лахш, Бӯстон ва Қизилсу ҳосили фаровон истеҳсол намуда, сокинони ҷумҳуриро бо картошкаи хушсифат таъмин менамоянд. Имсол 8 ҳазору 729 нафар саҳмдорони 1 ҳазору 668 адад хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони беш аз 2 ҳазор  гектар картошка кишт кардаанд.
Тибқи иттилои деҳқонони ботаҷрибаи ноҳияи Лахш, соли ҷорӣ бо мусоид омадани обу ҳаво ва кишти тухмиҳои хушсифату сари вақт бо ғизо ва об таъмин намудану нигоҳубини доимии киштзор нашъунамои қитъаҳои картошка хуб мебошад, ки он аз заҳмати шабонарӯзии деҳқонон шаҳодат медиҳад.
Ҳамасола масъулини ташкилоту идораҳои дахлдор ченаки ягонаи кишти картошка мегузаронанд, ки роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ба изофанависӣ роҳ надиҳанд ва хушбахтона соли гузашта, аз майдони панҷсад гектараи дашти Ҷиргатол то 550 сентнер ҳосил гирифтаанд.

Июль 14, 2016 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд