Файзулло Баротзода: «Фарҳанги рӯзадорӣ». Қисмати чаҳорум
Душанбе, 02.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Қудсияти моҳи Рамазон тақозо мекард, ки мардум аз анҷом додани ҳар гуна корҳое, ки баракати онро коста мегардонад, худдорӣ намоянд. Яке аз ин мавзӯъҳо ҷоиз ё ноҷоиз будани ҳамхобагӣ дар шабҳои рӯзадорӣ бошад, дигаре то кадом поси шаб мумкин будани хӯрдану ошомидан буд. Муқаррароти ояти 187 сураи Бақара ҳанӯз дар гузаштаи дури ташаккули ислом ва оғози фарзияти рӯза ба бисёр саволҳои мусулмонон ҷавоби равшан дод: «Ҳамбистар шудан бо занони худ дар шаби рӯза барои шумо ҳалол карда шуд. Онҳо шуморо (ба ҷои) пӯшишанд ва шумо онҳоро (ба ҷои) пӯшишед… Пас, алҳол бо занони худ ҳамбистар шавед ва он чиро, ки Худо барои шумо муқаддар кардааст, талаб кунед; ва бихӯреду биошомед, то он ки барои шумо риштаи сафед аз риштаи сиёҳ равшан шавад, (мурод) аз (риштаи сафед) фаҷр (аст). Пас аз он рӯзаро то шаб тамом кунед…».
Масъалаи нахустине, ки андаруни ин оят ҳалли худро пайдо кард, ин тибқи риояи назокати ахлоқӣ ва рафтори шоиста қонеъ гардонидани талаботи шаҳвонӣ дар шабҳои рӯзадорӣ буд. Ҳукми ин оят нофаҳмиҳои мавҷударо бартараф намуда, ба мардону занони мусулмон дар шабҳои рӯзадорӣ ҳамхобагӣ карданро то бастани рӯза иҷозат дод ва бо вожаи нозуки эҷози қуръонӣ барои баровардани ниёзҳои ҷисмонӣ занону мардонро пӯшиши ҳамдигар унвон кард, то ки пояҳои иҷтимоии заношӯӣ, ки ҳикмати асосии он муқаддар кардани фарзанд аст, дар ин моҳ халалдор нашавад. Сониян, дар қисмати дуюми оят то кадом вақт хӯрдану нӯшидан дар шаби рӯза муайян гардид, ки мафҳуми суҳур (саҳархӯрӣ)-ро дар моҳи Рамазон ба миён овард. Асҳоби тафсиру ҳадис дар истинботи дурусти ояти “ва бихӯреду бинӯшед, то он ки барои шумо риштаи сафед аз риштаи сиёҳравшан гардад” гуфтаанд: “Ҷуз ин нест, ки маънои он сиёҳии шаб ва сафедии рӯз аст”. Пас мардум донистанд, ки мурод аз риштаи сафед ва риштаи сиёҳ ҷуз шабу рӯз чизи дигаре нест.
Тибқи далолати ҳадисҳои зиёд дар асоси ин оят одоби саҳархӯрӣ ва ифтор кардан як қисмати асосии рӯзадорӣ гардид. Саҳархӯрӣ дар муҳити хонаводагӣ роиҷ шуд. Аз рӯйи меъёрҳои онвақта фосилаи байни азону саҳархӯриро ба миқдори хондани панҷоҳ оят муқаррар карда буданд. Аммо дар бораи зарурати саҳархӯрӣ дар ҳадисҳо таъкид шудааст, ки “саҳархӯрӣ кунед, зеро ки дар саҳархӯрӣ баракат аст”. Ҳамчунин бояд гуфт, ки аз ғайри саҳархӯрӣ кардан рӯзадорӣ вуҷуд доштааст, ки онро рӯзаи висол мегуфтанд. Чунин рафтор мансуби оммаи васеи мардум нест, балки хоси пайғамбар будааст.
Дар масъалаи рӯзадорӣ ҳангоми сафар далолати ҳадис чунин аст, ки “рӯза гирифтан дар сафар аз накӯкорӣ нест”. Яъне машаққату мушкилии сафарро ба эътибор нагирифта, изҳори тақводории дурӯғин кардан нишонаи хирадмандию накӯкорӣ нест. Зеро шахс бо чунин рафтораш метавонад ба саломатии худ зиён ворид намояд. Ҳамчунин бояд донист, ки дар ин бора баъзе гуфтаҳои тавсиявӣ ҳам вуҷуд дорад, ки мазмуни он «ҳар кӣ хоҳад, рӯза гирад ва ҳар кӣ хоҳад, рӯза хӯрад” аст. Дар ин маврид салоҳи кор он аст, ки вобаста ба муҳайё будан ё набудани шароити мусоид дар сафар рӯзадор бояд муайян кунад, ки адои ин фарз дар сафар барояш имконпазир аст ё тоқатфарсо, пас қарори ниҳоӣ қабул намояд. Инчунин дар масъалаи рӯзаи қазоӣ доштан бар ивази рӯзҳои ботилшудаи рӯзаи моҳи Рамазон ба шахси мусулмон иҷозат дода мешавад, ки на танҳо рӯзаи қазоии худ, балки рӯзаи қазоии волидайнашро низ адо кунад. Марде назди Пайғамбар (с) омад ва дар бораи аз номи модараш рӯзаи қазо доштан суол кард ва чунин посух гирифт: “Оре. Ва қарзи Худо ҳақтар аст, ки пардохта шавад”.
Адолати иҷтимоӣ дар масъалаи риояи баробарии гендерӣ ҳам ҳангоми адои фароизи ибодатӣ возеҳу равшан аст: «зани ҳоиза рӯзаҳои қазошударо қазо медорад ва намозҳои қазошударо – не”. Аз рӯйи муқаррароти ин ҳадис фаҳмидан мушкил нест, ки манзалати рӯза наздики Худованд баландтар будааст. Аз ин рӯ, намозҳои қазошуда барои зани ҳоиза бахшуданӣ бошад ҳам, вале қазоӣ гирифтани рӯза дар вақти дигари барои занон мувофиқ зарур шуморида мешавад. Ба андешаи мо, ин мавзӯъ ду ҷанба дорад: ҷанбаи имонию эътиқодӣ, зеро Худо подоши онро ба бандагонаш ваъда кардааст; ва ҷанбаи беҳдоштӣ, яъне рӯзаи қазоӣ мисли рӯзаи фарзӣ барои обутоб ёфтани ҷисму ҷон ва вазъи тандурустии зану мард манфиатҳое ҳам дорад.
Дар оғози ислом як гурӯҳ даъво мекарданд, ки метавонанд тамоми сол рӯзадорӣ кунанд. Чунин рафтор сабаби таассуб ва зиёдаравӣ дар иҷрои ин фаризаи динӣ шудаметавонист. Ба шахсоне, ки хоҳони рӯзадории ҳамешагӣ буданд, гуфта шуд: “барои шахс ҳар моҳ се рӯзи рӯзадорӣ басанда аст, ки ин худ рӯзаи тамоми умр аст».Ҳамчунин дар манобеи фиқҳӣ зикр шудааст, ки рӯз дар миён рӯза гирифтан тарзи рӯзадории Довуди пайғамбар будааст ва ҳар кӣ рӯзаи абад дошта бошад, рӯзае надоштааст.
Пас аз фарз шудани моҳи Рамазон рӯзадорӣ дар рӯзҳои иди Фитр ва иди Азҳо тибқи далолати ҳадис манъ карда шуд. Зеро мусулмонон баъд аз риояи якмоҳаи рӯзадорӣ ба марҳалаи «иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт» мерасанд ва омадани онро ҳамчун ҷашни динӣ бо гузоридани намози ид, оростани дастархонҳои идона, зиёрати қабристон ва тиловати Қуръон дар ҳаққи гузаштагон, аёдату дастгирии беморону ниёзмандон ва шукргузорӣ аз вахдату ягонагӣ ва сулҳу оромӣ дар сари хони идона сипарӣ мекунанд. Рӯзадор будан дар рӯзи иди Азҳо ҳам ба мантиқ созгор нест, зеро дар ин рӯз мусулмонон чорво қурбонӣ мекунанд ва бояд дар фазои идона ва иттиҳоду якдилӣ таомҳои омодашударо тановул ва нӯши ҷон кунанд. Аслан мавсими Фитр ва Азҳо ду иди асосии динӣ барои пайравони ислом маҳсуб мешавад.
Фазилати дигари моҳи Рамазон дар он аст, ки мусулмонон дар ин моҳ намози таровеҳ мехонанд. Ин намоз дар байни пайравони аҳли суннату ҷамоат иборат аз бист ракъат намози дуракъатӣ аст, ки дар байни ду ракъат суннат ва намози витр адо карда мешавад. Дар ҳадиси № 2010 «Саҳеҳи ал-Бухорӣ» оғози боҷамоат адо намудани намози таровеҳ чунин баён гардидааст: “Дар як шаби Рамазон ҳамроҳи Умар ибни ал-Хаттоб, разия-л-Лоҳу анҳу, ба масҷид баромадем. Ва дидем, ки мардум гурӯҳ-гурӯҳ парокандаанд, як ҷо касе ба сари худ намоз мехонад, як ҷо касе намоз мехонаду гурӯҳе ба ӯ иқтидо намуда намоз мегузоранд. Ва Умар гуфт: “Ба ростӣ, ман чунин меандешам, ки агар ҳамаи инҳоро бар як қорӣ (имом) ҷамъ кунам, ҳаройина беҳтар хоҳад буд”. Баъди он азм карду онҳоро бар Убай ибни Каъб ҷамъ овард. Сипас шабе дигар ҳамроҳи ӯ баромадам ва мардум ба намози қорӣ (имом)-ашон иқтидо намуда намоз мегузориданд». Ҳамин тавр, намози таровеҳ дар моҳи Рамазон бо мақсади анҷом додани хатми Қуръон барои мусулмонон ҳамчун суннати мустаҳаб пазируфта шуд. Сабаби асосии бист ракъат будани намози таровеҳ дар он аст, ки матни Қуръони карим аз 30 пора ва 604 саҳифа иборат аст ва ҳаҷми як пора аз он тақрибан баробари 20 саҳифа аст. Дар ҳар шаби намози таровеҳ як пора хонда мешавад, ки дар як моҳ 30 пораи комилро фаро мегирад ва хатми кулли Қуръон ба арвоҳи гузаштагон ба ҷо оварда мешавад. Агар моҳи Рамазон 29 рӯз бошад, пас матни як пораро дар байни рӯзҳои дигар тақсим мекунанд. Шарти муҳими ҳозир шудан дар намози таровеҳ, ки ба хотири шод кардани арвоҳи гузаштагон барпо карда мешавад, он аст, ки намозгузор бо риояи фарҳанги баланди либоспӯшӣ, одобу рафтор ва шакли зоҳирии мақбул бояд ба намоз ҳозир шавад, онро бо фурӯтанию ахлоқи ҳамида анҷом диҳад ва ғизои баланди маънавӣ бардорад. Аз ин ҷиҳат, барои адои намози таровеҳ бо хатми Қуръон низ ҳар кас бояд аз рӯйи имконияти вазъи саломатии худ иқдом намояд. Намози маъмулии таровеҳ бошад, бо замми сураҳои хурдҳаҷм ва муддати замонии муайян барпо карда мешавад.
Яке аз фазилатҳои дигари моҳи Рамазон шаби Қадр ва шабзиндадорӣ кардан аст. Барои баёни фазилатҳои ин шаб дар Қуръон сураи алоҳидае бо номи «Қадр» мавҷуд аст, ки тарҷумаи матни пурраи он чунин аст: “Ба ростӣ ки мо Қуръонро дар шаби Қадр фурӯ фиристодем. Ва чӣ чиз туро огоҳ сохт, ки шаби Қадр чист? Шаби Қадр аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Дар ин шаб фариштагон ва Рӯҳ ба фармони Парвардигори хеш барои саранҷом кардани ҳар коре фуруд меоянд. Он шаб то вақти субҳ (маҳзи) саломатӣ аст” (97:1-5). Тибқи далолати ривоятҳо ва тафсирҳои гуногуни Қуръон дар ин шаб фариштагон ва Ҷибрили Амин (Рӯҳ) бо амри Худо ба осмони дунё фуруд меоянд. Дар ин шаб тамоми қазову қадари яксолаи ояндаи мардум, ки ризқу рӯзӣ, аҷал, ҳаводиси рӯзгор ва амсоли инҳоро дар бар мегирад, аз Лавҳи Маҳфуз ба Байтулиззати осмони дунё ба амри Худо фуруд оварда мешавад. Ва ҳамин шаб ғояти амну оромӣ ва хайру фаровонӣ барои мардум аст, зеро ин шаб орӣ аз иттифоқ афтодани ҳар гуна рӯйдодҳои нохушоянди олам аст. Ба хотири дастёб шудан бамағфирату меҳрубонии Парвардигор ва тинҷию оромии марзу буми аҷдодӣ мусулмонон он шабро мухлисона шабзиндадорӣ мекунанд.Доир ба рӯзҳои тоқи даҳаи охири Рамазон ҳамчун Лайлатулқадр андешаҳо бисёр аст, вале аксари уламо онро шаби бисту ҳафтуми Рамазон муқаррар кардаанд.
Фарҳанги рӯзадорӣ дар ислом аз нигоҳи равонию иҷтимоӣ истодагарии рӯҳу ҷисми инсонро дар муқобили хоҳишҳои ҷисмонӣ тақвият медиҳад. Анҷоми ин фариза дар байни мусулмонон боиси таҳкими бародарию баробарӣ ва ваҳдату ягонагӣ мешавад. Дар воқеъ худдорӣ аз хӯрдану ошомидан ва дигар корҳои бад эҳсоси якдилӣ, бародарӣ ва ғамхории ҳамдигариро афзун мегардонад. Бояд гуфт, ки дар байни мусулмонон то имрӯз ҳамчунин рӯза гирифтан дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе, рӯзҳои 13, 14 ва 15-уми ҳар моҳи қамарӣ, 10 рӯзи аввали моҳи Зилҳиҷҷа, рӯзҳои 9, 10 ва 11-ум, 9, 10-ум ва ё 10, 11-уми моҳи муҳаррам ва 6 рӯз аз моҳи Шаввол ба ҳукми анъана даромадааства хусусияти тавсиявӣ дорад.
(Давом дорад)