Фаъолияти комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Айнӣ мувофиқи нақша ҷараён дорад
Душанбе, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 5 июли соли 2016 бо сабаби об шудани барфи кӯҳҳо ва ҳамзамон боришоти борон ба деҳаи Марзичи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ сел фаромад. Дар натиҷаи омадани сел ба масофаи 3 км. роҳҳои маҳалӣ, як бунгоҳи тиббӣ, як иншооти ёрирасон, як купруки маҳалии одамгузар, ба масофаи 500 метр ҷӯйбори заминҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳандаи боғи маҳалӣ зарар диданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» афсари калони Хадамоти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсупова иттилоъ дода, зикр намуд, ки бар асари фаромадани сангҳои калонҳаҷм роҳи обрави дарёи Яғноб маҳкам шуда, кӯпруки даромади деҳа зери об мондааст. Барои аз обрави дарё берун кашидани харсангҳо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истифода аз маводи тарканда, корро оғоз намуданд.
Ба иттилои У.Юсупова, ҳоло дар маҳали ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти худро идома дода, барои бартараф намудани оқибатҳои сел чораҳои фавриро амалӣ карда истоданд. Ягон мушкилӣ ва норасоӣ дар фаъолияти мутахассисон ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вуҷуд надорад.
Мавриди таъкид аст, ки бинобар гарм шудани ҳаво ҳамасола барфҳои кӯҳсор об мешаванд ва сатҳи дарёҳо боло меравад. Чунин ҳолат дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи он аз кӯҳҳо иборат аст, амри табиӣ буда, кормандону мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои бартараф кардани оқибатҳои фаромадани сел ва баланд шудани сатҳи оби дарёҳо омода мебошанд.
Зиёда аз ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми чанд соли охир ба ҳамаи ҳодисаҳои фавқулоддаи табиат вокуниши саривақтӣ ва ҷиддӣ нишон дода, дар ягон ҳолат сокинони мамлакатро бо офатҳои табиӣ танҳо нагузоштааст.
Чунончи, баъд аз омадани сел дар шаҳри Кӯлоб, минтақаи Рашт, ноҳияҳои ВМКБ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои зарардидагон кумакҳои моддиву маънавӣ расонида шуда, на танҳо хонаҳои алоҳидаи истиқоматӣ, ҳамчунин маҳаллаҳои нави муосир бо ҳамаи инфрасохторҳои маишӣ сохта ба истифода дода шудаанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






