Г. Маҳмадшоҳ: «Мо мақсад дорем, ки теъдоди донишҷӯёни хориҷиро зиёд намоем»
Душанбе, 14.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имсол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро дар маҷмӯъ 1206 нафар хатм карданд, ки аз ин ҳисоб 73 нафарашон донишҷӯёни хориҷӣ ва 102 нафарашон донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда буда, 72 нафари онҳо соҳиби дипломҳои аъло шуданд. Дар ин бора дар нишасти матбуотии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино иттилоъ доданд.
Тавре Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Гулзода Маҳмадшоҳ зикр кард, айни замон аз тарафи раёсати Донишгоҳ бо зиёда аз 90 муассисаҳои илмию таълимӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Бояд гуфт, ки дар соли таҳсили ҷорӣ дар донишгоҳ ҳамагӣ 599 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 15 мамлакати дунё таҳсил менамоянд, ки ин 7 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 13 нафар донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Қарагандаи Қазоқистон барои идомаи омӯзиш дар давраи семестри баҳорӣ равона карда шудаанд. 8 нафар донишҷӯёни курси 5-и Донишгоҳи давлатии тиббии Қараганда бошаднд барои таҳсил ва 5 нафар донишҷӯёни курси 4-и ҳамин донишгоҳ барои гузаштани давраи таҷрибаомӯзӣ ба Тоҷикистон омада буданд.








Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид






