Хатлон: Маҳфили «Донандагони таърих» ва «Таърихчиёни ҷавон»

Июль 15, 2016 09:30

Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 12 июли соли 2016 дар толори Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авесто» бо иштироки аъзои маҳфилҳои доимоамалкунандаи «Донандагони таърих» ва «Таърихчиёни ҷавон» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Роҳбарияти осорхона аз натиҷаҳои назаррасе, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар ин даргоҳи махзани ёдгориҳои бостонӣ ба он ноил гардидааст, ёдовар шуда, иброз дошт, ки муҳити созандаву созгори солҳои охир дар осорхонаи вилоятӣ роҳандозишудаистодаро татбиқи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва омили асосии ноил гардидан ба пешбурди кори таълиму тарбия ва илм дар ин макони таърихӣ ҳисобидан мумкин аст.
Дар раванди чорабинӣ кормандон ва иштирокчиёни мизи мудаввар баромад намуда, бори дигар аз пешравиҳо ва дастовардҳои ҷавонон, ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли ҷавон ва дастгириҳои ҷавонон дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар  ибрози андеша намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ роҳбаладон ва ходимони илмии осорхона ба иштирокчиёни мизи мудаввар сайри гӯшаҳои таърихии осорхона ташкил намуда, оид ба нигораҳои гирдовардашуда ба тамошобинон маълумоти муфассал пешкаш намуданд.

Июль 15, 2016 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд