«Хиросима» ба забони тоҷикӣ нашр гардид

Июль 12, 2016 08:44

Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Китоби нависандаи Ҷопон Тоси Марукӣ «Хиросима» бо забони тоҷикӣ нашр гардид.
Тарҷумон Нигор Абдуғаффор баъди сафари 45-рӯза ба Ҷопон ва дидани шаҳрҳои Хиросима ва Нагасакӣ тасмим гирифт, ки асари мазкурро ба хонандагони тоҷик  пешкаш намояд.
«Хиросима» барои кӯдакони синни мактабӣ буда, он ба даҳҳо забонҳои дигари дунё баргардон шудааст. Асари мазкур аз  даҳшати  6-уми августи соли 1945 он  рӯзе, ки амрикоиҳо ба Хиросима бомбаи атомӣ партофта буданд, ҳикоят мекунад.
Қаҳрамонони асосии асар духтарчае бо номи Мии Тян ва волидонаш мебошанд. Мии Тян рӯзи таркиш ҳафтсола буд ва бар асари бомбаи атомӣ қаду қомати ӯ то охири умр мисли ҳафтсолаҳо боқӣ мемонад.

Июль 12, 2016 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад