Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Июль 27, 2016 06:55

Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2013 оғоз гардида, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.

Маблағи умумии бунёди бинои Шуъбаи маориф, ки аз 3 ошёна иборат аст, дар маҷмуъ 2 миллиону 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби буҷаи ноҳия 1 миллиону 60 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм 1 миллиону 10 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст.

Илова ба маблағҳои сохтмон барои хариди таҷҳизот, мизу курсӣ, 20 адад компютер ва дигар ҷиҳози зарурии корӣ бошад, 206 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Дар шуъбаи маорифи ноҳия 22 нафар кор мекунад. Дар 50 мактаби ноҳия 1650 омӯзгор ба тарбияи фарзандон машғул мебошанд.

Фармоишгари сохтмон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиёни асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Далер сохтмон” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Манораи Лоиқ” мебошанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар шуъбаи маориф Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати кори сохтмончиён баҳои арзанда дод.

Дар бинои шуъбаи маориф ба ғайр аз 12 утоқи корӣ, китобхона, инчунин дар ошёнаи 3 — юм барои кормандони соҳа ва омӯзгороне, ки аз мактабҳои дурдаст ба маркази ноҳия меоянд, меҳмонхона бо 3 ҳуҷраю 6 ҷойи хоб бо шароити хубу мусоид сохта шудааст.

Бинои наву муосири Шуъбаи маориф туҳфаи арзандаи Сарвари маорифпарвар Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони соҳаи маорифи ноҳия дар арафаи ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Июль 27, 2016 06:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон Санаэ Такаичи мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси ҳизби ҳокими Либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон Таро Асо мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон бо як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Императори Ҷопон Наруҳито мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори иҷрокунандаи Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон Ичиро Такаҳара мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва давлатҳои нави соҳибистиқлол Масами Ииҷима мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Акиҳико Танака мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстию ҳамкории “Тоҷикистон-Ҷопон”, узви Палатаи намояндагони Парламенти Ҷопон  Кейҷи Фуруя мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Токиои Ҷопон шуданд