Ҷилавгирӣ аз воридоти молҳои қочоқӣ аз Қирғизистон

Июль 14, 2016 08:44

Душанбе, 14.07.2016/АМИТ «Ховар»/. Кормандони гумрук дар шимоли кишвар аз қочоқи беш аз 20 ҳазор метр матоъ ва миқдори зиёди либос,  инчунин маҳсулоти косметикӣ ва коғаз аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд.
Бинобар иттилоъи дафтари матбуоти мақомоти гумруки ҷумҳурӣ зимни гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз дохили воситаи нақлиёти тамғаи «Газел» дар деҳаи Қотмаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи беш аз 241 ҳазор сомонӣ матоъ ва либосворӣ ошкор гардид.
Муайян шуд, ки ин миқдор молҳо ба шаҳрванди 28 сола К.Р., ки истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, тааллуқ дошта, мавсуф  молҳои зикршударо бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид намудааст. Нисбат ба амали шаҳрванд К.Р  парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 289 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда,  ба прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ирсол гардидааст.

Июль 14, 2016 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд