Ҷилавгирӣ аз воридоти молҳои қочоқӣ аз Қирғизистон
Душанбе, 14.07.2016/АМИТ «Ховар»/. Кормандони гумрук дар шимоли кишвар аз қочоқи беш аз 20 ҳазор метр матоъ ва миқдори зиёди либос, инчунин маҳсулоти косметикӣ ва коғаз аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд.
Бинобар иттилоъи дафтари матбуоти мақомоти гумруки ҷумҳурӣ зимни гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз дохили воситаи нақлиёти тамғаи «Газел» дар деҳаи Қотмаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи беш аз 241 ҳазор сомонӣ матоъ ва либосворӣ ошкор гардид.
Муайян шуд, ки ин миқдор молҳо ба шаҳрванди 28 сола К.Р., ки истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, тааллуқ дошта, мавсуф молҳои зикршударо бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид намудааст. Нисбат ба амали шаҳрванд К.Р парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 289 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ба прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ирсол гардидааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






