Манъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар маркази пойтахт вобаста ба тамрин
Душанбе, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт то 18 августи соли равон ба муддати се соат -15:00 то 18:00 дар роҳи мошингарди хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва аз 19 август то 7 сентябр аз соати 19:00 то 22:00 дар хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Шотемур то буриши кӯчаи Бухоро, майдони «Дӯстӣ») ғайр аз рӯзҳои якшанбе манъ карда мешавад.
Сабаби манъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин рӯзҳо ба гузаронидани тамринҳои сафороии хизматчиёни ҳарбӣ, иштирокдорони Паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад.
Дар ин росто, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба сохторҳои марбута дастур додааст, ки самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро тавассути кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, ба нақшаи хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбари пойтахт тағйирот ворид созанд.
Интизор меравад, ки дар гузашти низомӣ, ки ба ифтихори санаи бузурги таърихӣ-ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябр дар майдони «Дӯстӣ» гузаронида мешавад, ҷузъу томҳои тамоми сохторҳои қудратии кишвар иштирок менамоянд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






