Марҳалаи гузариши тобистонаи футболбозон муайян гардид
Душанбе, 4.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи милли футболи Тоҷикистон марҳалаи тобистонаи гузариши футболбозонро аз як даста ба дастаи дигар муайян кард. Бошгоҳҳои футболи лигаи олии мамлакат имкон доранд аз 1 то 21 июл футболбозони навро ба ҳайати дастаашон даъват кунанд ва шартномаҳоро ба имзо расонанд.
Оғози марҳалаи дуввум дар Тоҷикистон бо баргузор шудани бозиҳои 1/8- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 23 ва 24 июл мегузаранд, ба шумор меравад. Дар ҳамин маврид, тавре сомонаи Федератсияи футбол хабар медиҳад, бозиҳои 1/8-ниҳоӣ бо ширкати дастаҳои «Парвоз» – «Ваҳдат», «Равшан» – «Вахш» и «Канд» – «Барқчӣ аз рӯзи 23 июл ба 24 июл, аз сабаби гузаронидани курсҳои байналмилалии доварон дар шаҳри Душанбе, таҳвил дода шудаанд.
Дастаҳои лигаи якум дар ин маврид дархости худро барои амалӣ шудани тағйирот дар ҳайати дастааашон (1.07-21.07.2016) баррасӣ мекунанд ва баробари анҷом ёфтани марҳалаи аввали мусобиқот дар Лигаи якум (14 .08.2016) онро амалӣ хоҳанд кард. Тавре муайян шудааст, онҳо ҳуқуқ доранд бозингаронеро, ки дар марҳалаи аввал дар ягон даста ҳунарнамоӣ накардаанд, интихоб намоянд.








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






