Мубориза бар зидди малах бомаром идома дорад

Июль 9, 2016 08:45

Душанбе, 09.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти фаврии Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах», то санаи 1 июли соли равон майдони умумие, ки дар он малах паҳн гаштааст, дар ҷумҳурӣ 89 534 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8237 гектар кам мебошад. Аз ин нишондод дар майдони 56937 гектари он коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Дар ин маърака 586 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб гардиданд ва баҳри мубориза бар зидди малах 29 адад трактори дорупошӣ (ОВХ), дастгоҳи аэрозолӣ ва 409 адад дорупошаки дастию моторӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
Майдонеро, ки малах паҳн гаштааст, дар вилоятҳои Хатлон 52487 гектар, Суғд 28497 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8550 гектарро ташкил медиҳад. Ҳоло кишоварзони ҷумҳурӣ баҳри мубориза бар зидди малах аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.

Июль 9, 2016 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад