Н. Салимзода: «Беш аз 350 нафар ҷавонон донишҷӯи ДДТХ гардиданд»

Июль 13, 2016 17:05

Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар/. Беш аз 350 нафар донишҷӯён бори нахуст ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки дар ноҳияи Данғара воқеъ аст, қабул карда шуданд». Дар ин хусус ба намояндагони  расонаҳои хабарӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нусратулло Салимзода  иттилоъ дод.
Бояд тазаккур дод, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон охири моҳи феврали соли равон ташкил карда шудааст.
Ҳамзамон вазири тандурустии кишвар бо дахли  беҳтар намудани сифати тарбияи кадрҳо ва рушди илми тиб дар ҷумҳурӣ, иброз дошт, ки  дар Донишкадаи  таҳсилоти баъдидипломии  кормандони соҳаи тандурустии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,   дар нимсолаи аввали соли равон ҳудуди 2200 нафар шунавандагон  ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин омор беш аз 1000 нафарро  табибон ва қариб 1200 нафарро  кормандони миёнаи тиббӣ ташкил медиҳанд.

Июль 13, 2016 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад