Намоишгоҳи байналмиллалии универсалии «Тоҷикистон- 2016» оғоз гардид
Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар МД Кохи Борбад бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар Намоишгоҳи байналмиллалии универсалии «Тоҷикистон- 2016» ифтитоҳ гардид.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Латвия, Лаҳистон, Афғонистон ва Покистон иштирок дошта, молу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.
Ҳамчунин дар баробари 70 ширкати кишварҳои ҷаҳон ширкатҳои ватанӣ низ молу маҳсулоти рақобатпазири худро муаррифӣ намуда, пешкаши мизоҷон гардониданд.
Тавре муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова иброз дошт ҳадаф аз ташкил намудани намоишгоҳ кумак намудан ба ширкатҳои ватанӣ дар масъалаи ёфтани мавқеи худ дар бозор, муаррифӣ ва шинос намудани харидорон бо молу маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.
Манзура Рустамова инчунин иброз дошт, ки рушди соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус рушди истеҳсолот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок муайян шудааст ва аз ин рӯ гузаронидани ин маърака муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Бояд зикр кард, ки имрӯз дар баробари баргузории намоишгоҳ, соати 15:00 дар Кохи Борбад Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷи кишвар баргузор гардид ва барои иштирок дар ин чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ ва намояндагони институтҳои молиявии ҷумҳурӣ даъват шудаанд, ки пас аз баргузории бизнес-форум метавонанд, шарикони худро пайдо намоянд.
Намоишгоҳи байналмиллалии универсалии «Тоҷикистон- 2016» аз 22 то 24 июл идома меёбад.
























3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






