Ғолибони «Гулбазми Хатлон» муайян гардиданд

Июль 4, 2016 10:43

Душанбе, 04.07.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дар   маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни вилоятии  «Гулбазми Хатлон» баргузор гардид, ки дар он гулпарварони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Тавре  аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси  вилояти Хатлон, иттилоъ доданд, ин чорабинӣ  бо мақсади тарғиби шукуфоии кишвар, тарбияи зебопарастӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ташвиқи гулпарварӣ дар маҳал, оила, ҷойи кор ва дарёфти намудҳои гуногуни гулҳо ва ашхоси гулпарвар баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки дар ин чорабинӣ ғолибони  «Гулбазми Хатлон» муайян шуда,  сазовори ҷойи якум шаҳри Кӯрғонтеппа, ҷойи дуюм шаҳри Сарбанд, ҷойи сеюм шаҳри Норак гардиданд.
Инчунин дар озмуни мазкур ғолибони  номинатсияҳои  «Беҳтарин ороишгари гулҳо», «Беҳтарин гулпарвар»,  «Беҳтарин вассофи гулҳо» ва «Беҳтарин композитсияи адабӣ-бадеӣ» муайян шуданд.

 

Июль 4, 2016 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд