Пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт

Июль 2, 2016 09:40

Душанбе, 02.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва Нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати пешгирии коррупсия вохӯрии навбатии масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иброз дошт, ки мақсад аз гузаронидани чунин вохӯриҳо пешгирӣ намудан аз пайомадҳои зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯза, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суиистифода аз вазифа, гирифтани пора ва қабули қарори дорои хусусияти коррупсионӣ ба шумор меравад.
Намояндагони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзӯи таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он дар назди ҳозирин сухан гуфтанд. Масъулини Агентӣ ҳамчунин, моҳият ва ҳадафи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар ҶТ барои солҳои 2013-2020»-ро ба ҳозирин шарҳ дода, пешниҳод намуданд, ки баҳри таъмини иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои он роҳбарияти вазоратро зарур аст, ки корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.

Июль 2, 2016 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад