Рӯзҳои наздик эҳтимоли паст шудани гармии ҳаво дар назар аст
Душанбе, 12.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик ҳавошиносон дар миқёси ҷумҳурӣ эҳтимоли паст шудани гармии ҳаворо пешгӯӣ менамоянд.
Бинобар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 14 то 16 июл дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво 7- 8 дараҷа поён рафта, эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳавои нисбатан салқин ду рӯз идома ёфта, шурӯъ аз 16 июл ҳаво рӯ ба гармшавӣ меорад.
14-15 июл дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ба 21-26, рӯзона ба 30-37 дараҷа хоҳад расид.
Дар вилояти Суғд ҳаво шабона 18-23, рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камбориш дар назар аст, ҳарорат шабона 16-18, рӯзона 32-34 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳаво шабона 16-21 дараҷа, рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13-18, рӯзона 25-30, дар шарқи ин вилоят шабона 5-10, рӯзона 14-19 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.








ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






