Раҳим Санъат Асо : «Дар ҷумҳурӣ норасоии мутахассисони лифт ба назар мерасад ва сари ин масъала бояд ҷиддӣ фикр кард»

Июль 15, 2016 17:05

Душанбе, 15.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Айни ҳол, дар биноҳои маъмурии истиқоматии шаҳри Душанбе 1137 лифт насб карда шудааст, ки ҳамаи онҳоро Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ назорат мекунад.
Раҳим Санъат Асо, сардори хадамоти мазкур дар нишасти хабарие, ки  имрӯз дар Душанбе доир гардид,  оид ба норасоии кадр ва мутахассисон дар самти лифттаъмиркунӣ изҳори нигаронӣ намуд.
«Беш аз  ҳазор адад лифте, ки ба қайд гирифта шудаанд,  қисмати зиёдашон таъмирталаб ва корношоям шуда, муоина ё таҳқиқоти махсусро талаб дорад», — афзуд ӯ
Сардори хадамот зикр кард, ки ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 3 мутахассиси лифт фаъолият мекунанд, ки ҳамаи лифтҳоро  зери назорат гирифта наметавонанд.
Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ ҳанӯз норасоии устоҳои таъмиркунанадаи лифт ба назар мерасад, зеро шунидаем, ки боре барои таъмири  лифтҳои  замонавӣ мутахассисонро аз хориҷ даъват намуда буданд.
Дар нишасти хабарӣ пешниҳод гардид, ки сари масъала бояд ҷиддӣ фикр кард ва  барои тайёр намудани мутахассисони варзида чораҳои зарурӣ андешид.
Айни ҳол, мутахассисони лифт дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ тайёр карда мешаванд.

Июль 15, 2016 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд