Сафири Тоҷикистон бо Раиси Ширкати тавсеаи манобеи об ва нерӯи Эрон вохӯрӣ намуд
Душанбе, 28.07.2016. /АМИТ«Ховар»/. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода Раиси Ширкати тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон Сайид Муҳаммадризо Ризозодаро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот масоили равобити дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи обу барқ ва роҳҳои таҳкиму густариши минбаъдаи он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан, ҷониби эронӣ дар ростои иҷрои Протоколи нишасти даҳуми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагии худро ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани давраи омӯзишӣ барои мудирон ва коршиносони тоҷик дар соҳаи обу барқ эълом дошт.
Қарор шуд, мавзӯъ мавриди пайгирӣ қарор ва дар замина иқдомоти зарурӣ сурат бигирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






