Сафирони Тоҷикистон дар Қирғизистон ва Ҷумҳурии Корея эътимоднома супориданд
Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 12 июли соли 2016 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев супорид.
Зимни супоридани эътимоднома Сафири Тоҷикистон паёму дуруд ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев расонд.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев дар ҷараёни суҳбат бо сафирони тозатаъин ба масоили вобаста ба таҳким ва густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахш таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.
Ҳамчунин 11 июли соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини сардори раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Ли Ҷунг-ил расман супорид.
Ҷонибҳо сатҳи муносибатҳои кунуниро мусбат арзёбӣ карда, омодагиашонро ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва рушди шарикии иқтисодӣ байни ду кишвар таъкид намуданд.
Ли Ҷунг-ил сафирро бинобар ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати амалигардонии фаъолияти дипломатӣ комёбиҳо таманно намуд.









Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






