Санъат Асо: «Дар иншоотҳои сохтмонӣ ва корхонаҳои саноати куҳӣ оддитарин қоидаҳои бехатарӣ риоя карда намешаванд»
Душанбе, 15.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар вақти бурдани корҳои истихроҷӣ дар иншоотҳои сохтмонӣ ва корхонаҳои саноати кӯҳӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ 20 ҳодисаи нохуш, ки дар натиҷаи он 14 нафар ҳалок ва 14 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд, ба қайд гирифта шуданд.
Ин нуқтаро зимни нишасти хабарӣ Раҳим Санъат Асо, сардори хадамоти мазкур зикр намуда, аз суст будани назорат оид ба риоя накардани талаботи дастурамали қоидаҳои бехатарӣ изҳори нигаронӣ намуд.
Ба иттилои сардори хадамот, ҳодисаҳои нохуш бештар зимни анҷоми корҳои зеризаминӣ дар Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» ва Корхонаи саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин «Зарнисор» рух додаанд. Дар байни фавтидагон ва ҷароҳатбардоштагон чанд нафар шаҳрвандони Чин низ мебошанд.
«Аз тарафи коргарон оддитарин қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми фаъолият, аз ҷумла истифода набурдани камарбанд ва сарпӯши муҳофизатӣ риоя карда намешаванд»,- афзуд ӯ.
Ба иттилои Раҳим Санъат Асо, ҳодисаҳои нохуши бамаломада мавриди санҷиш ва тафтишоти махсуси техникӣ қарор дода шуда, парвандаҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ исрол карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






