ҶСК «Хоҷа Муъмин»: калонтарин корхонаи истеҳсолкунандаи намак дар ноҳияи Восеъ

Июль 9, 2016 09:07

Душанбе, 09.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳҳомии  кушодаи  «Хоҷа  Муъмин»  калонтарин  корхонаи истеҳсолкунандаи намак  дар ноҳияи Восеъ маҳсуб мешавад. Корхонаи мазкур  дар доманаи кӯҳи намаки Хоҷа  Муъмин, 5 километр дур  аз шаҳраки Восеъ  воқеъ гардидааст.
Ҷамъияти мазкур  ба истеҳсоли намаки ошӣ  машғул  буда, бо дастгоҳҳои  навтарин муҷҷаҳаз  гардонида шудааст. Маҳсулоти корхона  асосан  барои содирот  истеҳсол  карда мешавад ва дар айни ҳол  нақшаи содироти намак барои панҷ моҳи соли равон  таъмин  карда шудааст.
Дар корхона  ҷамъоварии ҳосили намакро аз моҳи июл оғоз намуда,   имсол онро бо усули нав  ҷамъ меоваранд. Бо ин мақсад  дар корхона  ҳавзҳо сохта, барои ҷамъоварии ҳосили намак омода намудаанд. То  ин вақт  намак дар   палҳо    ҷамъоварӣ карда мешуд. Ин палҳо ҳам баъди бозсозӣ истифода карда мешаванд, аммо  барои нигоҳ доштани  сифати   намак  замини онро бо плёнка пӯшонда, сипас, обро ба пал  сар медиҳанд.
Маъмурияти  Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Хоҷа Муъмин» дар баробари  истеҳсоли намаки босифат,   барои оқилона истифода намудани замин  имсол дар майдони  2 гектар боғ бунёд намуда, зиёда аз 2 ҳазор   дарахтони мевадиҳанда   шинонда,  замини  байни қатораҳои боғро барои кишти зироатҳои полезӣ истифода намуданд.

Июль 9, 2016 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод