Сокини шаҳри Хоруғ бо маводи мухаддир дастгир гардид
Хоруғ, 04.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сокини шаҳри Хоруғ Анвар Имроншоев мутобиқи моддаи 200 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Анвар мулаққаб ба Буф (ғафс) дар пайи як амалиёти вижаи кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳамкорӣ бо сокинони шаҳр дар манзилаш бо 60 бастаи коғазпечи маводи мухаддири навъи героин боздошт гардид. Дар хабарномаи ин ниҳоди амниятӣ гуфта мешавад, ки Анвар дар муддати бештар аз 15 сол ба хариду фурӯши моддаҳои нашъадор машғул мебошад ва танҳо дар давоми 5 соли охир аз дасти ин нашъаҷаллоб 200 нафар заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд.
Дар маҷмӯъ то моҳи апрели соли равон дар натиҷаи кирдорҳои нопоку нанговари ин гуна шахсон наздики 3 ҳазор нафар бар асари истеъмоли нашъа ҷони ҷавони худро аз даст додаанд.
Сокинони шаҳри Хоруғ амалиёти Раёсати КДАМ-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои аз байн бурдани чунин «лонаҳо»-и марговар бо ин ниҳодҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






