«Тоҷикистон бахти ман, фархунда тоҷу тахти ман»

Июль 15, 2016 09:24

Душанбе, 15.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 23 июл дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ дар ноҳияҳои Варзоб ва Файзобод вохӯриҳои адибон бо мактаббачагон баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, мақсад аз ташкили вохӯриҳо тарбияи ҳисси ватанпарастиву хештаншиносӣ дар ниҳоди толибилмон, ҷалби онҳо ба китобу осори адибон, бархӯрдор намудани онҳо аз осори ниёгон ва шиносоӣ бо адибони давр мебошад.
Вохӯриҳо аз ҷониби Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар мавзӯҳои «Китоб  машъали илму дониш», «Тоҷикистон бахти ман, фархунда тоҷу тахти ман!», «Саломатӣ- гавҳари ноёб», «Сулҳу ваҳдат  бахти миллат!» ва «Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст» гузаронида мешаванд.

Июль 15, 2016 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд