Тоҷикобод: 2184 гектар зироатҳои ғалладонагӣ ва 958 гектар картошка кишт шудааст

Июль 13, 2016 11:40

Тоҷикобод, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод дар майдони 2184 гектар зироатҳои ғалладонагӣ кишт шудааст, ки аз ин миқдор 1170 гектарашро ғаллаи баҳорӣ ташкил медиҳад. Нашъунамои ғаллазор хуб ба роҳ монда шуда, мувофиқи пешгўии мутахассисони соҳаи кишоварзии ноҳия ҳосилбандии зироатҳои ғалладонагӣ хуб аст.
Картошкапарварӣ бахши муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзии ноҳия ба ҳисоб меравад. Соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати рушди картошкапарварӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, барои иваз намудани тухмии маҳаллӣ бо тухми хушнавъ ва серҳосили аз дигар минтақаҳо воридшаванда аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, то ин муддат ба ноҳия 1100 тонна тухмии аълосифат ворид карда шудааст. Инчунин дар анборҳои хоҷагиҳои дастаҷамъонаи деҳқонӣ 1800 тонна тухми маҳаллӣ мавҷуд буд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод хабар доданд.

Июль 13, 2016 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад