Вазъи қурби пули миллӣ барои имрӯз
Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 18 июл, бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 7.8680 сомонӣ, 1 евро = 8.7579 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1215 сомонӣ.
Бояд гуфт, ки қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиаҳои ташкилоти қарзӣ барои 1 доллари ИМА =7.8800 сомонӣ, 1 евро =8.7600 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1240 мебошад.
БМТ огоҳ менамояд, ки берун аз сарбонк, филиал, маркази хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






