Вазир: «Хориҷиҳо ҳатто барои ҷарроҳӣ ба кишвари мо меоянд»

Июль 13, 2016 15:34

Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар  зарфи шашмоҳи соли равон дар Муассисаи давлатии Маркази  миллии илмии  пайвандсозии  узв ва бофтаҳои инсон ба 41 нафар беморон  амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии  гурда ва ба 2 нафар беморон ҷарроҳии  пайвандсозии ҷигар гузаронида шудаанд»,-гуфт дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ 13 июл.
Вазир таъкид кард, ки дар маркази макур дар маҷмӯъ ба зиёда аз 200  нафар беморон  амалиёти пайвандсозии  гурда ва ба 15 нафар беморон ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст.
Дар нишасти хабарӣ таъкид гардид, ки ҳатто шаҳрвандони хориҷӣ барои ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ҷигар ба кишвари мо меоянд, зеро нархи гузаронидани ҷарроҳӣ дар ҷумҳурии мо дар қиёс бо дигар давлатҳо арзон мебошад.Ин аст, ки дар маҷмӯъ дар Маркази  миллии илмии  пайвандсозии  узв ва бофтаҳои инсон ба шонздаҳ нафар  беморон аз Қирғизистон, чор нафар аз Туркманистон, се нафар аз Озарбойҷон ва як нафар аз Либия ҷарроҳӣ гузаронида шудаанд.
Вазири тандурустии кишвар афзуд,  ки  дар ин давра дар муассисаҳои давлатии  Маркази  ҷумҳуриявии  илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, Маркази вилоятии ҷарроҳии  дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд ва Маркази  тиббии хусусии  «Ибни Сино» беш аз 470 амалиёти  ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, зиёда аз 570  амалиёти  ангиография, 181 амалиёти стенгузорӣ, инунин дар муассисаҳои тиббии кишвар ба 67 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани  буғум ба буғуми сунъӣ   ба анҷом расонида шудаанд.

Июль 13, 2016 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар