Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров

Август 17, 2016 17:10

                                                                    D20_0862

Душанбе, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Темур Қосимовичи азиз,

Шуморо ба муносибати 80-солагии рӯзи таваллудатон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тамоми хушиҳои зиндагӣ ва комёбиҳои эҷодиро таманно менамоям.

Шумо дар ҳақиқат яке аз адибони шинохтаи кишвари маҳбубамон мебошед, ки дар тайи умри бобаракататон ба халқ софдилона хидмат карда, дар тарбияи маънавии миллионҳо нафар дӯстдорони каломи бадеъ ҳиссаи сазовор гузоштаед. Асарҳои офаридаи шумо ба бисёр забонҳои халқҳои олам тарҷума шуда, номи тоҷиконро шуҳратёр намудааст.

Бештари кишварҳои пасошӯравӣ бо асарҳои пурмазмуну пуробуранги шумо, ки пур аз ҳикматҳои пурғановат ва ривояту қиссаҳои дилнишини халқамон мебошанд, шинос буда, бо як ҷаҳон умеду таассурот онҳоро мутолиа менамоянд ва ҳозир ҳам аз асарҳои шумо дурри маънӣ ҷуста, бо шавқу завқи зиёд онҳоро мехонанд.

Махсусан асарҳои шумо «Достони марги Амир Темур», «Хоҷа Насриддин», «Хоҷа Зулфиқори Девона», «Саргузаштҳои заминию осмонии шоир», Афъимори марҷонӣ», «Чойхонаи лаби ҷар», «Марг нест» ва ғайраҳо асарҳои саргузаштию ривоятӣ буда, ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шуда, дӯстдорони зиёд доранд.

Мардуми тоҷик низ бо завқи баланд асарҳои шуморо мутолиа карда, тавассути онҳо ба ҷаҳони рангини қаҳрамонони шумо шиносоӣ пайдо намуда, бо офаридаҳоятон ифтихор менамояд.

Бори дигар дар ин рӯзи муборак шуморо аз таҳти дил табрик гуфта, бароятон парвози баланди эҷодӣ ва саломатӣ орзумандам».

Август 17, 2016 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»