Гузоштани санги асоси мактаб барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Ёвон

Август 24, 2016 09:12

Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маркази  шаҳраки Ёвон  ба сохтмони як Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  барои 640 ҷойи нишаст дар як баст  санги асос  гузошт. Бо дастур ва ҳидоятҳои бевоситаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони ин муассисаи таълимӣ соҳибкори ватандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов, ки саҳмдори Корхонаи истеҳсоли сементи “Чжунгтсай Моҳир Семент” мебошад, иқдом  гирифтааст.

Тибқи нақша дар ин маҳалла Баҳриддин Ҷӯрахонов  аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорӣ дар давоми 18 моҳ бо харҷи   14  млн сомонӣ мактаби  сеошёнаи  замонавӣ  ва  дорои  шароити муосири таълиму тарбия  бунёд  менамояд.

Хотиррасон  бояд  кард, ки  дар  ноҳияи  Ёвон  ин  дуюмин  иқдоми соҳибкор  дар бунёди  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ буда, моҳи апрели соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар деҳаи  Даҳанаи  ноҳия як мактаби хуштарҳу замонавии барои 640 ҷойи нишаст дар як баст  аз ҳисоби маблағҳои ин соҳибкор бунёдгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин иқдоми нек  бори дигар ба  соҳибкор Баҳриддин Ҷурахонов изҳори сипосу минатдорӣ карда, ин  амали созандаро барои доираи дигари соҳибкории мамлакат  намунаи ибрат арзёбӣ намуд.

Худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди иштирок дар расми ифтитоҳи тантанавии роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсоли сементи “Чжунгтсай Моҳир Семент” ва  суҳбату вохӯриҳои судманд бо кормандони соҳаи роҳу нақлиёт ва саноатчиён  аз ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба маркази ин вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа сафар намуд.

Август 24, 2016 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд