Ифтитоҳи бинои нави филиали ҶСП «Спитаменбонк» дар шаҳри Қурғонтеппа
Душанбе, 25.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи Борбади шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави филиали ҶСП «Спитаменбонк» ба истифода дода шуд.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давалат иттиолоъ доданд, ки масоҳати умумии иншооти сохташуда ҳазор метри мурабаъро ташкил дода, дар он то 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароиту имконоти фароҳам овардашуда, дидан карда, ба кори сохтмончиёну меъморон баҳои баланд доданд.
Бинои нави филиали ҶСП «Спитаменбонк» аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои кормандон муосиртарин шароит фароҳам оварда шудааст.
Гуфта шуд, ки сандуқи қарзии филиали ҶСП «Спитаменбонк»дар шаҳри Қурғонтеппа қариб 12 миллион сомониро ташкил дода, аксарияти ин маблағ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсолот ва рушди хоҷагии қишлоқ ҳамчун қарз пешниҳод шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2014 оғоз гардида, сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нузам» тавонистанд онро бо сифати баланд дар рӯзҳои истиқбол аз ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд сохта ба истифода диҳанд.
Арзиши лоиҳавии ин бино беш аз 8 миллион сомониро ташкил дода, дар рафти сохтмон тамоми унсурҳои меъмориву шаҳрсозӣ ба инобат гирифта шудааст. Бо ба истифода додани чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ симои маркази вилоят- шаҳри Қурғонтеппа сол то сол дигаргун мегардад.













Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд






