Ифтитоҳи Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Хатлон
Душанбе, 25.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар вазъияти тантанавӣ бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлонро ифтитоҳ намуданд.
Баъди буридани лентаи рамзӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бинои 3 ошёна бо шароити кори кормандон аз наздик шинос шуданд.
Шуъбаи мазкур аз 36 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, бо сифати хуби меъморӣ бунёд шудааст.
Дар ин ҷо акнун 50 нафар корманд бо истифода аз шароити муосир бар нафъи давлату миллат фаъолият хоҳанд кард.
Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сари Хосор ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меҳрсоз мебошад.
Маблағи умумии сохтмони бино, ки аз ҳисоби буҷети давлат ҷудо гардидааст, 2 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо шароити кор дар бино Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин иншооти замонавиро ба кормандон муборакбод гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ҳидоят кард.
Мавриди зикри хос аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президент ва Ҳукумати кишвар барои тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо таъмини техникаю дигар муҳимот, омӯзонидани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин бо бунёди иншооти замонавӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ шароити муосири кор фароҳам оварда шудааст.
Бунёди Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон низ идомаи мантиқии дастгириҳои давлату ҳукумат нисбат ба кормандони соҳа мебошад, ки барои таъмини амнияту субот дар кишвар равона гардидааст.












Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






