Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Ранил Шриян Викремесингҳ

Август 2, 2016 12:47

Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои баргузории Форуми ҷаҳонии исломӣ-иқтисодӣ дар шаҳри Ҷакарта Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Ранил Шриян Викремесингҳ мулоқот намуд.

Зимни суҳбати самимӣ масоили вобаста ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Шри Ланка дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

 

28628358922_3d8c022665_zҶонибҳо бо таври муфассал ҷиҳати роҳандозӣ намудани самтҳои наву ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, хусусан бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, коркарди муштараки канданиҳои фоиданоки табиии Тоҷикистон ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи илмию фарҳангӣ табодули афкор намуданд.

Мусоҳибон ҳамчунин зарурати муштаракоти дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои худро дар мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ таъкид карданд.

Дар мулоқот суҳбату дидори самимии имрӯза ҳамчун иқдоми муҳим ва саривақтӣ ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба вазъу дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Шри Ланка арзёбӣ гардид.

Август 2, 2016 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд