Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Ранил Шриян Викремесингҳ
Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои баргузории Форуми ҷаҳонии исломӣ-иқтисодӣ дар шаҳри Ҷакарта Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Ранил Шриян Викремесингҳ мулоқот намуд.
Зимни суҳбати самимӣ масоили вобаста ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Шри Ланка дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо бо таври муфассал ҷиҳати роҳандозӣ намудани самтҳои наву ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, хусусан бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, коркарди муштараки канданиҳои фоиданоки табиии Тоҷикистон ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи илмию фарҳангӣ табодули афкор намуданд.
Мусоҳибон ҳамчунин зарурати муштаракоти дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои худро дар мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ таъкид карданд.
Дар мулоқот суҳбату дидори самимии имрӯза ҳамчун иқдоми муҳим ва саривақтӣ ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба вазъу дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Шри Ланка арзёбӣ гардид.








Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»






