Мулоқоти Пешвои миллат бо Директори кишварии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук

Август 12, 2016 19:24

Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори кишварии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчукро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳар як лоиҳаи якҷоя бо Бонк татбиқшаванда боз як пешрафти дигар дар рушди иқтисодии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми он мебошад.

Тавре таъкид шуд, дар давоми 23 соли шарикӣ Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон зиёда аз як миллиард доллари америкоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод намуда дар айни замон дар кишвари мо лоиҳаҳои фаъоли Бонк ба маблағи зиёда аз 350 миллион доллар дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар мулоқот доир ба саҳмгузории муштарак дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табии дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат, кам кардани хатари таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба иқтисодиёти рушдёбандаи Тоҷикистон, идомаи маблағгузории таҷдиду барқарорсозии НБО Норак, рушди соҳаи нақлиёт ва ифрасохтори роҳ ва тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Стратегияи панҷсолаи ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон табодули афкори судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин масоили зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳои Бонки Ҷаҳониро ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар намуди маблағҳои имтиёзноки грантӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Август 12, 2016 19:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд