Оғози ҷамъоварии пахта дар Хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Беков
Душанбе, 26.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Беков ба маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.
Тавре маълум гардид, хоҷагии Ниёзмуҳаммад Беков аз калонтарин хоҷагиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба шумор рафта, бисёрсоҳа мебошад. Аҳли меҳнат ба пахтакорӣ, шолипарварӣ, зотпарварӣ, тухмипарварӣ, зироаткорӣ, сабзавоткорӣ, аз ҷумла кишти полезӣ, лаблабу, карам, қаланфур ва кишти маккаи дон машғуланд. Заминҳои хоҷагӣ 1 ҳазору 574 гектарро ташкил дода, дар майдони 1 ҳазору 21 гектар навъҳои беҳтарини пахтаи “Хатлон-2014” ва “Тоҷикистон” парвариш карда мешавад. Дар хоҷагии мазкур 2010 саҳмдор фаъолият дорад.
Сармоягузори хоҷагии Ниёзмуҳаммад Беков Ширкати Исмоили Сомонӣ мебошад ва
ҳосили пахтаи хоҷагӣ тибқи шартнома дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Сироҷиддин Исоев коркард мешавад.
Аҳли меҳнати хоҷагӣ нақша доранд, имсол беш аз 2 ҳазору 600 тонна ҳосил ба даст оранд, ки ба ҳар як гектар 25 сентнерӣ рост меояд.
Зимни суҳбат бо меҳнаткашон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо хирмани пурбор ва ризқи фаровон орзу намуданд.











Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






